Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-117-и назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳимояи рисолаи доктории Раҷабзода Неъматулло Файзалӣ бо муваффақият баргузор гардид.
Раҷабзода Неъматулло Файзалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, рисолаи доктории худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2.14 – «Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ» ҳимоя намуд.
Ҳимояи рисола таҳти мушовирии илмии Раҳмон Наргис Шариф сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои илмии марбут ба самти таҳқиқоти диссертатсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Показать меньше
