Дар факултети филологияи тоҷик маҳфили илмии «Тарҷумон»-и назди кафедраи рӯзноманигорӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет Фарзона Мусавирова, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Парвина Соқиева ва омӯзгор Дилбар Изатуллоева иштирок намуданд.
Чорабинӣ таҳти роҳбарии роҳбари маҳфил Меҳрангез Шарипова доир гардида, дар он донишҷӯён оид ба мавзуъҳои гуногуни соҳаи тарҷума маърузаҳои илмӣ пешниҳод карданд. Мазмуни маърузаҳо ҳамзамон ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, маҳорати забондонӣ ва тарҷумонии иштирокчиён муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин, дар рафти маҳфил оид ба ҳаёт ва фаъолияти тарҷумонҳои муосир маълумот пешниҳод гардид.

