Имрӯз омӯзгорону донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади тақвияти фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва густариши завқи мутолиа ба китобхонаи донишгоҳ ташриф оварданд.
Зимни боздид иштирокдорон бо шароити китобхона, захираи китобҳои мавҷуда ва имкониятҳои фароҳамовардашуда барои истифодаи адабиёти таълимию илмӣ ва бадеӣ шинос шуданд. Омӯзгорону донишҷӯён аз миёни китобҳои пешниҳодшуда осори мавриди ниёзи худро интихоб намуда, як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва асарҳои бадеиро барои мутолиа дастрас карданд.
Таъкид гардид, ки китобхона дар раванди таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат нақши муҳим дошта, яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури мустақилона ва такмили донишҳои касбии омӯзгорону донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Хусусан, барои донишҷӯёни соҳаи забон ва адабиёти рус мутолиаи осори адибони классик ва муосир, омӯзиши адабиёти тахассусӣ ва шиносоӣ бо мероси адабии халқҳои гуногун дар такмили донишҳои забонӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва ташаккули маҳорати касбӣ аҳаммияти хосса дорад.

