Октябрь 31, 2026 11:40
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов дар мавзуи «Истифодаи усулҳои гармофизикӣ ва воситаҳои ченкунӣ дар назорат ва идоракунии сифати маҳсулот ва раванди истеҳсолот» конференсияи 15-уми байналмилалии илмӣ-амалии мактаби байналмилалии гармофизикон доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Наимҷон Ашурзода дар мавзуи «Сатҳи рушди иқтисодии Тоҷикистон вобаста ба рушди энергетика» маъруза намуда, робитаи рушди соҳаи энергетикаро бо пешрафти иқтисоди миллӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои муҳими илмии соҳаи гармофизика, истифодаи технологияҳои муосири ченкунӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва самаранокии равандҳои истеҳсолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин нақши олимони варзида ва ҳамкории илмии байналмилалӣ дар ташаккули мактабҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос иброз гардид.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоиши байналмилалии илмӣ барои густариши ҳамкории байнидонишгоҳӣ, табодули таҷрибаи пешқадами илмӣ, тақвияти робитаҳои илмию таълимӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
