Бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат ва бонангу номуси диёрамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Ба чунин дастовардҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон дохил намуд.
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки тамоили миллигароӣ дигарбора шиддат гирифта, пояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давлатҳо бо дар назардошти арзишҳо ва манофеи миллӣ шакл мегиранд. Фарҳанги миллӣ бошад таваcсути ташаккули мафкураи миллӣ ва истеҳсолоти иқтисодӣ рушд намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Яке аз омилҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ гаштааст, ин пайдоиши ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ ҷиҳати дарёфти истиқлол ва таъмини инкишофу ҳимояи арзишҳои муштараки онҳо мебошад. Маҳз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ба шаклгирии чунин давлатҳо боис гашт. Аз дигар тараф, фароҳам овардани шароит ҷиҳати мустақилона муайян сохтани масири инкишоф ва тараққиёти миллат, инчунин талош баҳри ормонҳои миллӣ давлатҳоро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ водор месозад. Миллати озодро шарти зарурӣ ин аст, ки дар сатҳи умури давлатдории миллӣ низоми қонунгузории давлатиро, ки асоси амният ва тартибот мебошанд дар пайвастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва иродаи мардум мустақилона муайян намояд. Чунин раванд яке аз падидаҳои истиқлоли миллӣ мебошад. Дар замони муосир вуҷуд доштани истиқлоли миллӣ василаи муҳим баҳри рушди давлатҳои мутамаддин ба шумор меравад. Зеро ҳеҷ як давлати миллӣ бидуни роҳандозии муносибатҳои хориҷӣ ва пешбурди манофеи миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ наметавонад рушд намояд.
Кишварҳое, ки имконияти мустақилона, муайян намудани муносибатҳои дохилию беруниро доранд ва дар баробари ин иқтисоду сиёсати онҳо вобастагии ҷиддӣ ба давлати дигар надорад, метавон гуфт, ки онҳо истиқлоли воқеии миллиро касб намудаанд. Бояд тазаккур дод, ки мавҷудияти истиқлоли миллӣ ин зинаи аввали бунёди давлат ба шумор меравад. Зинаи баъдӣ бошад ин ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бунёди кафолатҳо баҳри пойдории давлати миллӣ аст. Ба андешаи С.Е Рибаков “Миллат ин ҷомеаи иборат аз афроди дорои арзишҳои муштарак аст, ки онҳоро дар сабки фарҳанг ва шеваи зиндагӣ нишон медиҳанд”. Яъне миллатро маҳз ҳамин арзишҳои муштарак муттаҳид менамояд ва асоси таъмини Ваҳдати миллӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ ҳифзи ин арзишҳо муҳим аст ва дар муносибатҳои байналмилалӣ бошад ҳимояи манфиатҳои миллӣ авлавиятро касб менамояд. Давлатҳое, ки масъалаи ҳифзи арзишҳои миллиро муҳим арзёбӣ менамоянд ин маънои фурӯгузории манфиатҳои дигар халқиятҳоро надорад, балки барномаҳои сиёсӣ бар асоси эҳтиром ба арзишҳои онҳо роҳандозӣ мегарданд. Бо ин тариқ, миллат дар фазои истиқлол қобилияти мустақилона инкишоф намуданро соҳиб мегардад. Баҳри пойдории давлат ва ҳифзи истиқлоли миллӣ матраҳ кардани як қатор кафолатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Ба хотири таъмини авлавияти арзишҳои миллӣ додани кафолатҳои ҳуқуқӣ аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, барои рушди кафолатҳои дигар замина фароҳам меоварад. Зеро самтҳои асосии рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатро асосҳои ҳуқуқӣ ва низоми қонунгузории давлатӣ муайян месозад. Бо дарки ин ҳама масъалаҳои ҳаётан муҳим барои як миллат, имрӯз давлатҳо низоми қонунгузории миллиро тақвият дода, ҷиҳати таҳкими давлатдории миллӣ аз ин масир гом бардоштаанд.
Дар вазъияти муосири имрӯза инъикос ва ҳимоя кардани арзишҳои миллӣ дар Қонуни асосӣ ва бад-ин васила таъмини ташаккули мафкураи миллӣ яке аз ҳадафҳои аслии давлати мо мебошад. Зеро маҳз Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ баҳри муайян намудани рушди минбаъдаи давлат ва инкишофи мафкураи миллӣ дар доираи арзишҳои мушаххас метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси манофеи миллӣ такя намуда, шуруъ аз дебочаи он ва тамоми меъёрҳо, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ хидмат менамоянд. Дебочаи Конститутсияи ҶТ қисми таркибӣ, муқаддима ва ё оғози он буда, баёнгари ҳадафҳои олӣ ва миллии мост. Ин санади олии ҳуқуқӣ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст. Дар баробари ин арзишҳое, ки халқи тоҷик нисбат ба онҳо эҳтироми хосса дорад, хусусан Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан аз қабили арзишҳои бунёдии ҷомеа мебошанд. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳое, ки миллати тоҷик баҳри онҳо талош мекунад, аз ҷумла бунёди ҷомеаи мардумсолору адолатпарвар, ҳуқуқбунёду қонунсолор дарҷ гардидааст, ки онҳо ба таври ғайримустақим барои шаклгирии мафкураи созанда ва зеҳниятсозӣ бар асоси арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи муҳими ҷомеаи мо маҳз зеҳниятсозӣ бо такя ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.
Арзишҳои миллӣ он ормонҳое мебошанд, ки миллат онҳоро ба сифати ҳадафи рушдманд қарор дода баҳри он талош меварзанд, вале ин талошҳо аз сатҳи дарки ҳодисаҳои воқеӣ ва раванди инкишофи арзишҳо сарчашма мегирад. Аз ин рӯ муҳаё сохтани фазои бозӣ, фикрӣ ва бунёди андешаи миллӣ ҷиҳати ҳифзи арзиш ва истиқлоли миллӣ амалҳои зарури ба ҳисоб мераванд. Яъне пойдории соҳибихтиёрии давлатиро аз мафкураи ҷомеа муайян намудан мумкин аст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар илми давлатшиносӣ дар баробари мафҳуми соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии халқ, ки дар моддаҳои якум ва панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидаанд, мафҳуми соҳибихтиёрии миллӣ низ маъмул аст. Соҳибихтиёрии миллӣ ба маънии мафҳуме, ки дар боло истифода намудем, яъне истиқлоли миллӣ низ фаҳмида мешавад. Аммо дар шарҳу тавзеҳи ин ду мафҳум маълумоти кофи мавҷуд нест, зеро дар матлабҳои илми ба таври маҳдуд истифода мешаванд. Вале маънои аслии мафҳуми соҳибихтиёрии миллиро дар фарқгузори бо соҳибихтиёрии давлатӣ метавон равшану возеҳ маънидод намуд. Зеро соҳибихтиёрии миллӣ аз соҳибихтиёрии давлатӣ сарчашма мегирад ва маънии аслии он аз ин ҷо падид меояд. Дар маънои соҳибихтиёрии давлат ин волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва мустақил будани он дар муносибатҳои беруна фаҳмида мешавад, яъне мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар муайян ва амалисозии сиёсатҳои дохилӣ ва берунӣ озод буда, бе дахолати кишварҳои бегона онро роҳандозӣ менамоянд. Соҳибихтиёрии миллӣ ба сифати сарчашмаи ҳокимият баромад намудани халқ зоҳир мегардад. Ҳарчанд зери мафҳуми халқ аққаллиятҳои гуногун ҷой дошта бошанд ҳам, аммо аксари онро намояндагони як миллат ташкил медиҳанд ва бо иштирок дар ташкилу фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ соҳибихтиёрии миллии хешро таъмин месозанд. Маҳз изҳори иродаи онҳо дар интихоботу раъйпурсӣ ва ба ин тарз иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ соҳибихтиёрии миллиро ба вуҷуд меоварад.
Бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд на танҳо мақсади халқи Тоҷикистон, балки орзӯ ва ормони тамоми мардуми сайёра аз оғози таърих будааст. Инсонҳо бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати озоду демократиро рисолати худ шумурда баҳри он мубориза бурдаанд. Баъзе арзишҳои умумибашарӣ дар ҳар минтақа вобаста аз зарфияти зеҳнӣ хусусияти миллиро низ касб намудаанд. Аммо ин маънои хосси як миллат будани ин ғояҳоро надошта аз дигар ҷиҳат арзиши умумибашарӣ мебошад. Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳамчун арзишҳои миллӣ ҳифз шуда дар сатҳи Конститутсия ба онҳо кафолат дода мешавад. Ин кафолат заминаи ҳуқуқии бунёди давлат бар асоси ин принсипҳо буда, миллати тоҷик чун арзиши миллӣ онро пазируфта баҳри ривоҷи унсурҳои давлати демократӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии давлат талош меварзад. Бояд тазаккур дод, ки асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро ин бартарии ҳуқуқ ва таъмини волоияти қонун ташкил медиҳад. Ин аст, ки баҳри ташкил ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи хизмат намуда, ба ин тарз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ волоияти қонун таъмин карда мешавад.
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, яке аз омилҳои муҳимми татбиқи арзишҳои конститутсионӣ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, омили муҳими пешрафти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Давлатбекзода Вайсиддин – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети педагогика ва варзиш

