Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаи марказӣ ва асосии давлатҳои муосир ин кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Хусусан кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст. Ҳар як давлат мувофиқи вазъ ва шароити ҷомеаи худ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванро кафолат медиҳад.
Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он давлат мавҷуд аст, ки пеш аз ҳама он давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бошад. Дар чунин давлат натанҳо қонуният расмист, инчунин нигоҳдошти тартиботи ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин карда, эътирофу эҳтироми таъмини онҳо асосёфта мебошад.
Аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд чунин бармеояд, ки дар он пеш аз ҳама волоияти қонун нуфузи он ва аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, ашхоси мансабдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳо ва шаҳрванон риоя шудани қонунро дар назар дорад, ки ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Қонунҳо бо адолат асос ёфта ба ҳимояи озодӣ, шаъну эътибор, қадру қимати шахсият ва кафолатҳои таъмини онҳо асос меёбанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад. Алалхусус яке аз воситаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд санадҳои меъёри ҳуқуқии зиёдеро қабул намудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи тамоми қонунҳои кишвар мебошад, ки амали гаштани ҳуқуқ ва озодиҳо, ҳам ба шахс ва ҳам ба лаёқати ҳуқуқдонии ӯ вобаста бударо амали гардонида шароит муҳайё месозад. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Мувофиқи муқаррароти қисми сеюми моддаи 5 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 14 эълон карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки Тоҷикистон онҳоро кардааст, ҳифз карда мешаванд. Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардида, кафолат дода мешаванд, ки ин кафолатҳо дар асоси ташкили ҳокимияти давлатӣ принсипи таксимшавӣ ба ҳокимияти қонунгузор иҷроия ва судӣ амали гардонида мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд имконияти дар доираи қонун ҳимоя кардан ва ташвиқу тарғиб намудани ақидаву эътиқодҳои худ кафолат дода мешавад, ки ин аз ҷумла дар ташаккулёбӣ ва амал кардани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, озодии матбуот ва ғайра ифодаи худро меёбад. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳар як давлат дар қонуни асосии худ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқу муқаррар мекунад.
Шашуми ноябри соли ҷорӣ мардуми кишварамон 32-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қабул шуда буд, ҷашн хоҳанд гирифт. Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад.
Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 инчунин 22 майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Қабули Конститутсия соли 1994 натанҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демократӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мардуми кишвар баҳри рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсӣ ва бесарусомониҳо ба миён омаданд. Барои ба эътидол овардани вазъият, тағйири комили сохти низоми нави давлату давлатдорӣ мо бояд Конститутсияи нав қабул мекардем. Бо ин мақсад Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд. Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Дар Қонуни Асосии мо ин масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии кишварамон дарҷ ёфтааст.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Бояд гуфт, ки дар асоси моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Конститутсия аз они халқ буда, барои халқ хизмат мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошад, қатъӣ мубориза бурда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мамлакатро ҳифз намоем.
Чуноне файласуфи Юнони қадим Демокрит гуфта буд: «Мақсад аз қабули қонун беҳтар намудани аҳволи зиндагии одамон аст. Вале ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки худи одамон хоҳиши беҳтар намудани аҳволашонро дошта бошанд. Чунки қонун танҳо ба ашхосе манфиат мерасонад, ки дар итоаташ бошад». Дар Конститутсия бевосита зикр шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президенти Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Дар моддаи 10-уми Конститутсия бошад, волоияти Қонуни Асосӣ мустаҳкам карда шудааст, тибқи он “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд”. Бинобар ин, Конститутсия барои тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқии аввалиндараҷа мебошад ва тамоми меъёрҳо бояд дар асос ва мувофиқи Конститутсия қабул карда шаванд. Дар ҳолати ба Конститутсия мувофиқат накардани санадҳои меъёрӣ ҳуқуқи онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунанд. Дар баробари ин, дар банди 2, моддаи 10-уми Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки «Давлат ва ҳамаи мақомоти он шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд». Боби сеюми Конститутсия ба мақомоти олии ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузори кишвар Маҷлиси Олӣ бахшида шудааст, ки ба ӯҳдаи он ба амал баровардани салоҳияти яке аз рукнҳои ҳокимият – қонунгузорӣ гузошта шудааст. Боби мазкур «Маҷлиси Олӣ» ном дорад. Бинобар ин, бори нахуст дар Конститутсияи амалкунанда Шӯрои Олӣ номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Дар баробари ин аввалин маротиба дар таҷрибаи давлатдории кишварамон соҳиби парламенти дупалатагӣ гаштем, ки натиҷаи тағйиру иловаҳои 26 сентябри соли 1999 мебошад. Маҷлиси Олии ҶТ аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли арзи вуҷудаш барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намуд.
Аскарализода Самандар,
сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав

