Имрӯз дар кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи унвонҷӯи кафедра Мирзомуродов Саидумар Баротович дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои экологӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ (дар мисоли нашрияи “Хатлон” дар солҳои 2013–2023)» баргузор гардид.
Таҳқиқоти илмӣ таҳти роҳбарии Муродӣ Мурод Бердӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омода шудааст.
Диссертатсия ба омӯзиши яке аз масъалаҳои муҳими рӯзноманигории муосир – инъикоси мушкилоти экологӣ дар матбуоти маҳаллӣ бахшида шуда, нақши нашрияи «Хатлон»-ро дар инъикоси масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар давраи солҳои 2013–2023 мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.
Зимни муҳокима мазмуну муҳтавои диссертатсия, ҷанбаҳои назариявию амалии таҳқиқот ва натиҷаҳои илмии бадастомада баррасӣ гардида, атрофи аҳаммияти мавзуъ ва саҳми матбуоти маҳаллӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа табодули назар сурат гирифт.
Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба такмили ҷанбаҳои алоҳидаи таҳқиқот андеша ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Диссертатсияи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2.22 – рӯзноманигорӣ пешниҳод гардидааст.

