Дар толори китобхонаи донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувори Тоҷикистон» ҳамоиши умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Наргис, мушовири ректори донишгоҳ Ализода Аҳмадҷон, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, муовинони деканҳо оид ба корҳои тарбиявӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, инчунин саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки омӯзиши таърихи давлатдории навини Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои насли ҷавон аҳаммияти муҳим дошта, ҳар як донишҷӯ бояд дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон андешаронӣ намуданд.

