ОЯНДАИ ХУДРО БА ДОМ НАДИҲЕД: Чаро пайравӣ аз «мухолифони хориҷӣ» сарнавишти ҷавононро талх мекунад?
Дар замони муосир, ки технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мо табдил ёфтаанд, иттилоот бо суръати барқ паҳн мешавад. Имрӯз ҳар як ҷавон бо доштани як телефони хушсифат ба ҷаҳони интернет дастрасӣ дорад. Аммо ин фазои беканор на танҳо имкониятҳои омӯзишу пешрафт, балки хатарҳои пинҳон ва калонро низ бо худ дорад. Яке аз масъалаҳои аз ҳама ҳассос ва нигаронкунандаи имрӯза — ин таъсири манфии баъзе блогерон ва гурӯҳҳои сиёсии бурунмарзӣ (монанди «Гурӯҳи 24», «Ислоҳ ТВ» бо роҳбарии Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон) ба афкори ҷавонон, аз ҷумла дар вилояти Хатлон аст.
Фиреби эҳсосот ва чеҳраҳои «ғамхор»
Гурӯҳҳо ва шахсони зикршуда зери ниқоби ҳимоят аз ҳуқуқи мардум, танқиди мушкилоти иҷтимоӣ ва таблиғи «адолат» ба майдон меоянд. Онҳо худро гӯё «ғамхори миллат» нишон медиҳанд. Барои як ҷавони эҳсосотӣ, ки шояд бо баъзе мушкилоти рӯзмамра, аз қабили кор, шароити иҷтимоӣ ё рӯзгор рӯбарӯ аст, ин суханҳо писанд меоянд.
Аммо мушкил дар он аст, ки ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ ободии Тоҷикистон нест. Баръакс, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъияти дохилии кишвар, паҳн кардани тухми кинаву адоват ва бесуботӣ мебошад. Онҳо аз дур, аз фарооби уқёнусҳо ё кишварҳои дигар нишаста, ояндаи ҷавонони соддалавҳи моро ба бозии сиёсии худ медароранд.
«Лайк»-е, ки ба парвандаи ҷиноӣ мекашад
Бисёре аз ҷавонон бехабар аз оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои худ гумон мекунанд, ки агар зери навори ин гурӯҳҳо «лайк» монанд, фикр (комментария) нависанд ё видеоҳои онҳоро ба дигарон фиристанд (репост кунанд), ҳеҷ гап намешавад. Ин хатои аз ҳама бузург ва фоҷиабор аст.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қатъиян манъ аст. Ҳама гуна дастгирӣ, таблиғ, паҳн кардани мавод ё ҳамкорӣ бо ин сохторҳо ҷинояти вазнин ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷа, чандин ҷавон, аз ҷумла дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон, танҳо бо сабаби беандешӣ, пайравӣ аз чунин шабакаҳо ва гузоштани чанд шарҳи бемазмун ё «лайк» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба доми ҷавобгарии ҷиноӣ афтодаанд. Оқибат чӣ шуд? Зиндагии ҷавон дар оғози роҳ талх гашт, таҳсил дар донишгоҳ қатъ шуд, орзуҳои волидайн барбод рафтанд ва номи хонавода бо як доғи сунъӣ сиёҳ гардид. Оё чанд дақиқа тамошо ё навиштани як шарҳ арзандаи ин қадар бадбахтиҳо ҳаст? Ҳаргиз не!
Ҳушдор ба волидайн ва ҷомеа
Имрӯз ҳар як падару модар, омӯзгор ва зиёӣ вазифадор аст, ки бо фарзандон ва наврасон сӯҳбат кунад. Мо бояд ба фарзандони худ биомӯзем, ки маърифати расонаӣ дошта бошанд — яъне ҳар хабар, ҳар видео ва ҳар даъвати интернетиро санҷида бибинанд ва ба ҳар «суханвари дурӯғгӯ» бовар накунанд.
Мушкилоти ҷомеаро бо роҳи қонунӣ, меҳнат, ваҳдат ва субот ҳал кардан мумкин аст, на бо роҳи харобкорӣ ва дастгирии гурӯҳҳое, ки кишвари худро аз берун фурӯхтан мехоҳанд.
Паём ба ҳамсолон ва ҷавонон
Бародарони азиз ва хоҳарони гиромӣ! Ояндаи ин сарзамин, осудагии хонадони шумо ва хушбахтии падару модаратон дар дасти худи шумост. Ба ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғин ва шиорҳои ба ном «озодихоҳона»-и одамоне, ки дар хориҷи кишвар бо мақсадҳои шахсӣ ва манофеи бегонагон фаъолият мекунанд, бовар накунед.
Пеш аз он ки тугмаи «поделитсияро»-ро пахш кунед ё зери ягон видеои шубҳанок шарҳ гузоред, лаҳзае андеша кунед: Оё ин амали шумо ба обрӯи падару модар ва ояндаи худатон лағзиш намеорад?
Хушбахтии воқеӣ дар сулҳу субот, оилаи солим, таҳсил ва меҳнати ҳалол аст. Ояндаи худро бо дасти худ ба хотири касоне, ки ба шумо заррае ғамхорӣ надоранд, талх накунед.
Фазлиддин Умаров,
номзади илмҳои сиёсӣ
