Имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш устодон, омӯзгорон, донишҷӯён ва масъулони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҷаласаро декани факултет С. Шарипов ифтитоҳ намуда, аҳамияти Парчами миллӣ ва ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои давлатдорӣ ва боло бурдани ифтихори шаҳрвандиро махсус таъкид кард.
Дар ҷаласа, М. Раҳимов, дар мавзуи «Мавқеи Парчами давлатӣ дар варзиш», Сафаралӣ Ш., бо мавзуи «Таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Муродов Ф.Р. дар мавзуи «Рамзҳои давлатӣ – рамзи ваҳдати миллӣ» баромад намуданд.
Ҳамзамон иштирокчиён суханони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба рамзҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки Парчами миллӣ ифодаи муқаддасоти давлатдорӣ ва рамзи ифтихору шарафи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш баён гардид, ки эътирофи рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчам, на танҳо эҳтиром ба таъриху фарҳанг, балки нишонаи ватандӯстӣ ва садоқат ба давлати миллӣ мебошад.
Дар анҷом масъулон иброз доштанд, ки донишҷӯён бояд бо ғамхорӣ, садоқатмандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пос доранд ва онро ҳамчун рамзи ягонагӣ ва пешрафти кишвар гиромӣ доранд.

