Мулоқоти роҳбарияти донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Қатар
26 ноябри соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ профессор Асрорзода Убайдулло, ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло бо ректори Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифаи Давлати Қатар доктор Аҳмад Ҳасна баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи илму маорифро баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкиму рушди робитаҳои дуҷонибаи соҳа иброз карданд. Бо истифода аз имконоти маҷуда, таҳияи барномаҳои муштараки таълимию тадқиқотӣ, баргузории конфронс ва семинарҳои муштарак, ташкили олимпиадаҳои илмӣ, ҷалби олимони ҷавон ба барномаҳои таҳқиқотӣ, ҳавасмандгардонӣ ва роҳандозии мубодилаи донишҷӯён таъкид гардид.
Дар фарҷом, зарурати мубодилаи сафарҳои корӣ ба мақсади ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои дарозмуддати илмӣ ва академӣ таъкид шуд

