Санаи 26 ноябри соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ профессор Асрорзода Убайдулло ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло бо директори генералии Ширкати сайёҳии Visit Qatar -и Давлати Қатар Ҷосим Ал-Маҳмуд баргузор гардид.
Ҷонибҳо роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти рушди сайёҳӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштараки тарғиботӣ ва мубодилаи таҷриба байни муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои сайёҳиии ду кишварро баррасӣ намуданд.

