Имрӯзҳо тибқи ҷадвалҳои тасдиқнамудаи Раёсати донишгоҳ раванди бақайдгирии донишҷӯёни соли аввали донишгоҳ бо истифода аз Барномаи махсуси Маркази тестии донишгоҳ ба низоми ягонаи электронӣ шомил карда мешаванд.
Бақайдгирӣ бо стандартҳои нави муосир сурат гирифта, изи ангушт (Fingerprint) ва Face-ID ҳар як донишҷӯ ба таври дақиқ ба база ворид мегардад. Ин иқдом барои таъмини шаффофият, амният ва тартиботи беҳтари имтиҳонҳо равона шудааст.
Ба шарофати ин низоми нав, донишҷӯён дар рӯзҳои имтиҳон танҳо баъди тасдиқи ҳувият тавассути изи ангушт ба толорҳои имтиҳон роҳ дода мешаванд. Ин тарзи санҷиш ба донишгоҳ имконият медиҳад, ки аз ҳар гуна нофаҳмиву сӯистифода пешгирӣ карда, раванди имтиҳонсупориро боз ҳам шаффоф ва адолатманд гардонад.
Бо татбиқи чунин технологияи муосир, донишгоҳ қадамҳои устувор ба самти рақамисозии низоми таълимӣ гузошта, барои донишҷӯён шароити замонавӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ фароҳам меорад.
Намунаи беҳтарини ин амал ин аст, ки донишҷӯ холи аз имтиҳон ба даст овардааш, ки дар манитори компютер намоён мешавад баъдан аз маркази имтиҳонӣ берун мешавад.

