-зери ин унвон имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи байналмилалии илмӣ назаривӣ бахшида ба 1045–солагии Абӯалӣ ибни Сино доир шуд, ки дар кори он олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони муассисаҳои таҳсилотӣ ва пажӯҳишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, оғоз ёфт. Зимни суханронӣ муовини ректор саҳми Абӯалӣ ибни Синоро дар рушди илми тиб, фалсафа, риёзиёт ва ҷомеашиносӣ густурда арзёбӣ намуд.
Сипас, иштирокчиён Шарифзода Комил Абдулҳаӣ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии таърихи илмҳои табиӣшиносӣ ва техника дар мавзуи «Андешаҳои фалсафию илмии Сино ва Мавлоно», Липай Татьяна Петровна, номзади илмҳои иҷтимоӣ, дотсен аз Минск тариқи онлайн дар мавзуи «Идеи Абу Али ибн Сины в контексте профилактики стигматизации как биомедицинского феномена» ва Холов Маҳмудҷон, ходими пешбари илмии институт дар мавзуи «Афкори Ибни Сино оид ба метеорология» баромад намуданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш омӯзиш ва баррасии паҳлуҳои гуногуни мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино, нақши ӯ дар ташаккули илми ҷаҳонӣ ва таъсири афкори файласуфӣ, тиббӣ ва риёзии ӯ ба наслҳои минбаъда мебошад.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки осори Абӯалӣ ибни Сино имрӯз ҳам ҳамчун сарчашмаи боэътимоди илмӣ хидмат мекунад ва пажӯҳишҳои нав ба рушду густариши донишу фаҳмиши илмҳои тиб, фалсафа, иқтисод ва илмҳои дақиқ мусоидат менамоянд.
Конференсия дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ва муаррифии мероси бузурги Сино дар арсаи ҷаҳонӣ такони нав бахшид.

