Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда мешавад ва он фарогири тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҷассум менамояд. Ба ғайр аз ин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи солонаи воҳидҳои сохториро ҷамъбаст намуда, барои соли навбатии молиявӣ супориш ва нақшаҳои пешбурди иқтисодиётро пешкаш менамоянд.
Албатта ин як падидаи нек баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ҳавасманд намудани қишри аҳолӣ вобаста ба фаъолияти минбаъда дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Қайд намудан бамаврид аст, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст ҳамаи масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба таври мусбӣ ҳал намояд ва барои нигоҳ доштани нақши худ дар рушди иқтисодии ҷаҳон саҳмгузор бошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардида ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Маҳз дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019 – ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 – ум расонида шуд.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфта, қисми даромади буҷети давлатӣ зиё аз 105 фоиз таъмин гардид.
Рушди иқтисодӣ яке аз омилҳои асосии пешбурди давлат ба ҳисоб рафта, баҳри шукуфоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум нақши босазое дорад. Мусаллам аст, ки ҳамасола боло рафтани ин нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ аз сиёсати идоракунандаи давлат ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зиёд дорад.
Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззамми миллат сатҳи иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеа сол то сол боло рафта ин нишондиҳанда барои ҳалли дигар масъалаҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Таъмин намудани қисми даромади буҷети давлатӣ низ яке аз самтҳои калидии иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта барои руйпӯш намудани хароҷотҳои давлатӣ нақши назаррас дорад.
Саноат ҷузъи муҳими комплекси ягонаи иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Нақши пешбарандаи саноат дар иқтисодиёт пеш аз ҳама бо он муайян карда мешавад, ки вай ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро бо асбобу анҷом ва маводҳои нав таъмин намуда, ҳамчун омили фаъолтарини прогресси илмию техникӣ ва умуман такрористеҳсолкунии васеъ хизмат мекунад. Суръати тараққиёт, дараҷаи тараққиёт ва сохтори саноат муҳимтарин нишондиҳандаҳои на танҳо миқдорӣ, балки сифатии хоҷагии халқ ва дараҷаи зиндагонии аҳолӣ мебошанд.

Дар ҳалли масъалаҳои тараққиёти иқтисодиёти мамлакат саноат ҷои муҳимро ишғол мекунад, зеро қисми асосии ММД – ро истеҳсол мекунад. Роҷеъ ба масъалаи мазкур Ҳукумати мамлакат мунтазам чорабиниҳои назаррасро ба роҳ мемонад ва барои таъмини он нақши муҳим дорад.
Дар Паём таъкид гардид, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024 – ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи навӣ корӣ ташкил карда шуд.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳаи саноат дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя арзёби карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон такид намуданд, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2024 – юм 3,6 фоизро ташкил дода, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2024 коҳиш дода шуд.
Ҳамасола Ҳукумати мамлакат барои баданд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли ғамхориҳои беназирро ба роҳ мондааст ва имрӯзҳо низ он мушоҳида карда мешавад.

Ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат супориш дода шуд:
– аз 1 – уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шуд.
– аз 1 – уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шуд;
– инчунин, аз 1 – уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуда, ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Вобаста ба ин қайд намудан ба маврид аст, ки ҳадафи асосӣ ва олии Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, таъмини ҳаёти осоишта ва солими аҳолӣ ба ҳисоб рафта дар оянда низ ин нишондиҳандаҳо тадриҷан боло рафта таъмини барномаи дарозмуҳлати стратегияи миллии рушди иқтисодӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ намуда истодааст.
Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016 – ум то 42 ҳазор дар соли 2024 – ум кам карда шавад.Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Дар Паём таъкид гардид, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 – уми январи соли 2027 – ум мораторий эълон карда шавад.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон такид намуданд, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Яке аз дигар масъалаҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон такид намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардидааст.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.
Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад.
Аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки нақши паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини рушди низоми дастгирии бахшҳои калидӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Маҳз сиёсати хирадмандона ва фаъолияти пурсамари Пешвои миллат имкон медиҳад, ки дар оянда низ сулҳу субот, амнияти ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва пешравии бахшҳои мухталиф ба назар расанд ва мо ҷавонон, соҳибкорон, зиёиёни кишвар ва дар маҷмӯъ тамоми аҳолии ҷумҳурӣ аз як гиребон сар бароварда ватанамонро обод кунем ва дар арсаи байналмилалӣ парчамбардору муаррифигарӣ кишвари маҳбубамон бошем.
Бекмурод Наимзода,
дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Бекмурод Наимзода,
дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав
http://khatlon-ruznoma.tj/hokimiyati-davlati/5924-rushdi-sanoat-va-itisodi-mill-dar-mevari-paemi-peshvoi-millat.html