Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 10.12.2025, басти якум дар факултети педагогика ва варзиш толори №103, соати 08:55 дарси кушоди мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ н.и.п. Шарипов Ҳалим Ҳокимович дар гурӯҳи 406 ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ аз фанни волейбол (шакли машғулият маърӯзавӣ) дар мавзуи «Қоидаҳои байналмилалии бозии волейбол, сохтор ва татбиқ» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.
