Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинар – машварат баргузор гардид, ки дар он Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Ёсуман Акрамзода, сардории шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ниҳияҳои минтақаи Бохтар, Маъруфӣ Расул, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва аъзоёни шуроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ифтитоҳ намуда, миннатдории ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти омода намудани кадрҳои соҳибдараҷаву соҳибунвон ва ташкили Шуроҳои диссертатсионӣ иброз кард.
Таъкид гардид, ки яке аз падидаҳои нек ва дастоварди бузурги самти илм дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба фаъолият оғоз намудани ин ниҳоди барои ҷомеаи илмии кишвар зарур ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳамаи самтҳои илм такони ҷиддӣ бахшид. Бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат таъсиси ёфтани ин ниҳод ба олимони ҷавон ва муҳаққиқон имконият фароҳам овард, ки дар Ватани хеш ба кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, рисолаҳои номзадӣ ва докториро дар шуроҳои тахассусии диссертатсионӣ дифоъ карда, соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ гарданд.
Сипас, Ёсуман Акрамзода, сардории шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ниҳияҳои минтақаи Бохтар дар мавзуи “Нақши қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати зиддикорупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, таъкид намуд, ки коррупсия аз нигоҳи илмӣ падидаи иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб гашта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклҳои гуногун ба амал меояд. Ҳатто имрӯзҳо одамон барои зудтар анҷом додани масъалаи душвор, кори таъҷилӣ, иҷрои кори муайян, ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, пӯшондани ҷиноят ё раҳоӣ бахшидан аз ҷиноят ва дигар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд.
Ҷиҳати роҳ надодан ё пешгирии коррупсия дар олами муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия иқдомҳои зиёде, ба монанди муборизаи муташаккил тавассути қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таъсиси ниҳодҳои дахлдори муқовиматкунанда ба коррупсия амалӣ мегарданд. Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ба ин зуҳурот ба таври муташаккилона муқовимат бурда, ташвиқу тарғибро низ ба муқобили он ба таври густурда ба роҳ монем.
Маъруфӣ Р., саркотиби илмии Комиссия маърӯзаи худро ҷиҳати омӯзиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи шурои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда», ворид гардидани тағйиру иловаҳо ва иҷрои дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи соҳавӣ таҳлилу баррасӣ намуд.
Дар кори семинар-машварат оид ба фаъолияти шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ, сатҳу сифати диссертатсияҳо, масъалаҳои тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва авторефератҳо, парвандаҳои аттестатсионӣ маълумоти муфассал дода шуда, баррасии камбудиҳои ҷойдошта, пешниҳод ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд.
Саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ Р.Н. иброз дошт, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ роҳбарият ва кормандони Комиссия минбаъд низ тамоми дониш ва кӯшишу ғайрати худро равона мекунанд.
Дар охир, ҳисоботи раисони шуроҳои диссертатсионӣ шунида шуд.

