Мо ҳайати коллективи кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Паёми солонаи Президенти мамлакат муҳтарам ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бинои Парлумони мамлакат ироа гардид дастаҷаъмона тамошо намудем.
Паёми солонаи Президенти мамлакат давоми мантиқии Паёмҳои солҳои қабли буда аз сиёсати хориҷӣ мамлакат шурӯъ гардида тамоми ҷабҳаҳои ҳайёти фаъолияти ҷомеаро фарогир буд.
Паёми имсолаи Президенти мамлакат бо хусусиятҳои хосси худ Паёми фарқкунанда мебошад. Зеро Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ таваҷҷуҳ ба соҳаи энергетика намуда таҳкит ба амал оварданд, ки моҳи сентябри соли 2027 дар НБО-и Роғун 3-юмин агрегат ба истифода дода шуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ ба Истиқлолияти энергетикӣ мерасад.
Гуфтаҳои Пешвои миллат барои мардуми тоҷик муждаи хушҳолкунанда мебошад зеро мардуми тоҷик ва ҳукумати мамлакат барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ заҳматҳо ва талошҳои зиёд кашидаанд.
Бо мақсади эҳтиром ва посдоштани ёдгориҳои таърихӣ ва аз сари нав бедор намудани таърихи аҷдодони гузашта Президенти мамлакат дар рафти ироаи Паём пешниҳод намуданд, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе “Маркази тамаддуни Ориёӣ” ва ” Маркази байналмилалии Наврӯз” бунёд карда шавад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Паёми солонаи Президенти мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати роҳнамо барои тамоми мардуми тоҷик ба шумор меравад ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро месазад дар фаъолияти кории ҳаррӯзаи худ аз дастурҳои роҳбари давлат ба таври васеъ истифода намоянд.
С. Раҷабализода,
муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ
