Имрӯз бо ибтикори факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 34 солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди мақомоти гумрук” баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Фирдавс Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардид
Сипас, Шарипов Олимхон, мудири бахши коргузорӣ ва назорати Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар мавзуи “Таърихи ташаккулёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” Тоҷибой Исмоилзода, сарнозири бахши таҳлил ва омори гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар мавзуи “Раванди рақамикунонии фаъолияти мақомоти гумрук. Омӯзиши барномаи АСИКУДА- ин ҷаҳонӣ”, Салоҳиддин Каримов, сардори Дидбонгоҳи гумрукии минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар мавзуи “Мақсад ва фаъолияти таъсис додани равзанаи ягона дар мақомоти гумрук” ва Аъзам Мирзозода, саромӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи “Мавқеи расмиёт ва пардохтҳои гумрукӣ дар рушди маркетинги хоҷагии қишлоқ ва диверсификатсияи иқтисодӣ миллӣ” андешаронӣ намуданд.

