Тибқи Фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, докторанти соли сеюми (PhD) аз рӯйи ихтисоси биология Ибрагимов Азизулло Хуршедҷонович ба сафари илмӣ аз ҳисоби мавзуи фармоишии “Инвентаризатсияи намудҳои асосии дарахтон ва буттаҳо дар минтақаи кабудизоркунии шаҳри Бохтар ва бунёди минтақаи интродуксионнӣ дар заминаи Маркази таълимии ДДБ ба номи Носири Хусрав (шаҳри Левакант) ба Федератсияи Россия сафарбар карда шуд.
Сафари мазкур аз 19 январ то 28 январи соли 2026 идома ёфта, дар доираи ҳамкориҳои илмӣ бо Донишгоҳи давлатии Алтай (шаҳри Барнаули Федератсияи Россия) анҷом дода мешавад. Ҳадафи асосии сафар иштирок дар корҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши донишу малакаҳои касбӣ мебошад.
Ин ташаббус дар асоси Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030 амалӣ гардида, ба рушди иқтидори илмии ҷавонон мусоидат менамояд.
Роҳбарияти донишгоҳ сафарҳои илмиро яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамояд.

