23.01.2026
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, сарфи назар аз мушкилоти мураккаби ҷаҳони имрӯз ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди кишвар, соли 2025 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Ба таъкиди Сарвазири кишвар дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд.
Сатҳи таваррум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шуд.
Соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз таъмин гардид.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида, 30 миллиард сомониро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст.
Татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 77,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 14 фоиз зиёд аст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2025 ба 30,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 13,2 фоиз зиёд мебошад.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2024 20,5 фоиз афзоиш ёбад.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба 795 адад расида, дар муқоиса ба соли 2024 38 муассиса зиёд мебошад.
Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.
Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 24,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру азнавсозӣ карда шуд.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.
Дар соли ҳисоботӣ дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти қонунгузории андоз, тавассути воситаҳои электронии пардохт вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиард 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,3 фоиз, вилояти Хатлон 103,1 фоиз, вилояти Суғд 107,1 фоиз, шаҳри Душанбе 119,8 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 109,5 фоиз таъмин карда шуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Сипас Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода доир ба фаъолияти мақомоти назорату санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Доир ба раванди ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ ва роҳҳои афзун намудани он ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода шунида шуд.
Инчунин, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва раиси Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк Алиҷон Салимзода доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гузориш дод.
Таъкид гардид, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.
Соли 2025 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус, дар самти коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо дарназардошти талаботи бозор ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти соҳа вазифадор намуданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, ҳисоботи Вазири нақлиёт Азим Иброҳим шунида шуд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, самтҳои асосии рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуд.
Вазорати нақлиёт вазифадор карда шуд, ки иҷрои вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026, инчунин татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузориро, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, таъмин намояд.
Ба Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаҳои чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, растанипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, коркарди саривақтии замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим, вазъи экологӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Вазорати кишоварзӣ, Агентии содирот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба истифодаи мақсадноки заминҳо, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан, дар самти истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бо дарназардошти вазъи камборишу хушк омадани тирамоҳи гузашта яхобмонии саривақтӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани 3 – 4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои ғалладонагии репродуксияи баланд, инчунин, тухмиҳои ба иқлим мутобиқшуда ва парвариши навъҳои минтақабобгардидаи зироатҳои кишоварзӣ ва ҳамчунин афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор гардиданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди ҳунармандию косибӣ вазифадор карда шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки соли 2025 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда татбиқ гардида, 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Ба таъкиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин шуда, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 8,3 фоизро ташкил дод ва буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардид.
Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дада шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоиз таъмин гардид.
Дар баробари ин, суръати рушди маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024 31 фоиз зиёд гардида, ба масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.
Аз ҷумла дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 тарбиягиранда сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳр дар маҷмӯъ 60 километр роҳҳо ба маблағи 406 миллион сомонӣ азнавсозӣ ва асфалтпӯш гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
