Имрӯз ҷаласаи назоратӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим масъалаи раванди таълиму тарбияро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи машварат масъалаи оғози дарсҳои рӯзона, бартараф намудани имтиҳонҳои донишҷӯёни қарздор баррасӣ шуд.
Дар охир, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

