– Зери ин унвон имрӯз бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Сада доир гардид.
Дар мизи мудаввар Давлаталӣ Халилзода, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзуи “Сада муждае аз баҳор аст”, Ғолибшо Мирзоев, номзади илмҳои таърих дар мавзуи “Ҷашни Сада- рамзи пирӯзии нур бар зулмот”, Маҳмадшариф Баротов, номзади илмҳои таърих, дотсент дар мавзуи “Ҷашни Сада-ифодагари фарҳанги миллӣ”, Фазлиддин Наботов, доктори илмҳои таърих дар мавзуи “Иникоси ҷашни Сада тибқи ривоёти “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ” , Маҳмадулло Ҷалилов, номзади илмҳои таърих, дотсент дар мавзуи “Ҷашни Сада ва аҳамияти таърихии он” ва Ҷовидон Абдуллоев, номзади илмҳои таърих дар мавзуи “Сада-ҷашни куҳантаърихи миллӣ” маърӯза намуданд.

