Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
Дар доираи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии онҳо аз моҳи сентябри соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.
В Бохтарском госуниверситете с 1 сентября увеличат зарплаты на 10 процентов
«С сентября 2026 года сотрудникам Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава повысят зарплаты на 10 процентов за счет специального счета вуза», — сообщил сегодня на пресс-конференции ректор университета Махмадали Курбонзода.
