-
Довталабони азиз! Рамзи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 112 сабт гардидааст.
Донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддӣ-таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмӣ-омӯзгорӣ ва тадқиқотию инноватсионӣ мебошад.
Дар донишгоҳ парки технологӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд.
Хатмкунандагони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар вазифаҳои роҳбарӣ ва масъулиятнок фаъолият доранд.
Дар донишгоҳ фаъолияти тарбиявӣ – фарҳангӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Маҷмааи варзишии донишгоҳ дар баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
