Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки рӯзи 25 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, бинои хобгоҳи донишҷӯёнро ифтитоҳ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хобгоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ, сатҳи таҷҳизот ва омодагии иншоот баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсилу зиндагӣ барои ҷавонон таваҷҷуҳи хос медиҳад.
Ҳамзамон, Сарвари давлат бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисос онҳоро ба омӯзиши амиқи илму технологияи муосир, риояи интизом, пайваста такмил додани малакаи касбӣ ва дар оянда хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд. Роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, хобгоҳи навро туҳфаи арзанда ва заминаи мусоид барои таҳсилу зиндагии ҷавонон арзёбӣ карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи афзалиятнок – маориф диққати аввалиндараҷа дода, пеш аз ҳама, ба ин соҳа маблағи зарурӣ ҷудо намуданро таъкид менамоянд ва таъкид медоранд, ки роҳбарони ин муассисаҳоро зарур аст меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин васила, самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён, махсусан забонҳои русию англисӣ, таъминот бо мутахассисони дорои малакаи хуби корӣ ва ҷавобгӯи бозори меҳнат диққати махсус диҳанд.
Фаъолияти назарраси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тӯли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барои касе пӯшида нест.
Донишгоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Барномаҳои дурнамои ҳукумативу Вазорати маориф ва илмро оид ба илму маориф дастурамали кори худ қарор дода, дар татбиқи амалии онҳо дар қатори дигар таълимгоҳҳои олии номдори кишвар ҳиссаи сазовори худро гузошта истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 ба даҳгонаи аввали мактабҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ шомил гардид.
Айни замон ҳадафи асосии донишгоҳ ин таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим мебошад. Бо ин мақсад, ҳоло дар 14 факултети донишгоҳ 680 нафар омӯзгор, аз ҷумла 2 нафар академик, 24 нафар докторони илм, профессорон, 213 нафар номзадҳои илм ва 441 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардиданд.
Айни замон ҳиссаи омӯзгорони унвондор 35,1 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 теъдоди омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидор 1,6 фоиз зиёд гардидааст. Дар назди донишгоҳ Институти илмӣтаҳқиқотӣ (табиатшиносӣ ва техникӣ), маркази «Мавлоношиносӣ», литсей, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Хуросон, мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертут” фаъолият менамоянд.
Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 23011 нафар, аз ҷумла дар шуъбаи рӯзона 10076 нафар, таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона 12537 нафар ва зинаи магистратура 398 нафар мебошад. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 10609 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 46,1% фоизро ташкил медиҳад.
Дар донишгоҳ 9 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар шуъбаи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯёни мазкур аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркменистон мебошанд. Айни ҳол, дар донишгоҳ 506 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 2,2%-и донишҷӯёнро ташкил медиҳад. 35,8%-и донишҷӯён аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил менамоянд.
Инчунин 10 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштаанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 460 нафар донишҷӯ аз табақаҳои ниёзманд таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 27 нафар ятими кулл, 379 нафар нимятим, 54 нафар имконияти маҳдуддошта мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи пайвастаи Раёсати донишгоҳ қарор доранд. Яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавҷуд будани заминаи моддӣ-техникии муосир мебошад, ки бевосита ба омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Айни ҳол донишгоҳ бо 37 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад.
Дар соли 2025 тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ бо истифода аз технологияи навини иттилоотӣ, тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) зиёда аз 58 конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар бо иштироки якчанд донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар доир карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки айни ҳол дар донишгоҳ фаъолияти (Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC)), забони русӣ (Русское Пространство) ва маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Корея дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.
Раёсати донишгоҳ доираи густариши робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Ҷумҳурии халқии Хитой шартномаи ҳамкориро ба имзо расонид.
Дар асоси шартномаҳои амалкунанда 13 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ – Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, давлати Қатар, Русия, Ҷумҳуриҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар форумҳо, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва табодули таҷриба намуданд.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Дар донишгоҳ зиёда аз 87 чорабиниҳои тарбиявӣ бо ҷалби васеи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин муддат тавассути сомонаи расмии донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳафтаномаи «Фурӯғ» ва васоити ахбори омма мунтаззам корҳои фаҳмондадиҳӣ, интишор карда шуда, аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон зиёда аз 63 номгӯи мақолаҳо доир ба мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, сулҳу оромӣ, истиқлолият ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омаданд.
Бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, дар донишгоҳ 14 маротиба суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Дар ин давра тибқи нақша-чорабиниҳо дар хобгоҳи донишҷӯён 23 мулоқоту вохӯриҳо, викторинаҳо, чорабиниҳои илмӣфарҳангӣ, варзишӣ ва шабнишиниҳо бо иштироки донишҷӯёни хобгоҳ доир карда шуд.
Дар соли 2025 дар маҷмуъ бо мақсади иҷрои бандҳои Консепсияи миллии тарбия дар донишгоҳ зиёда аз 381 мулоқоту вохӯриҳо, суҳбатҳои инфиродӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби васеи омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардидааст.
ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТАЪЛИМӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ – МЕТОДӢ
Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣтехникӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ бунёд намуда, дорои 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ, ҳамзамон, 211 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла, 41 кабинети фаннӣ, 25 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи лингафонӣ, инчунин 3 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 4 майдон ва як маҷмааи варзишӣ мебошад.
Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маҷмуъ зиёда аз 1000 компютер, 303 тахтаи электронӣ, проекторҳо ва пардаҳои проексионӣ ва 35 адад смартэкранҳо мавҷуд мебошанд, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷӯён мувофиқат мекунад. Натиҷаи сессияи имтиҳонӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 бо чунин нишондод ҷамъбаст гардид. Аз 10015 нафар донишҷӯи таҳсили рӯзона 8189 нафар дар даври аввал комёб гардида, 1826 нафар бо сабабҳои гуногун қарздор монданд. Сатҳи сифати таълим 39,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5% баланд гаштааст. Пешрафт бошад 81,9 фоизро ташкил додааст.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Дар соли 2025 46 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадиву докториашонро бо муваффақият дифоъ намуданд. Ин нишондод дар соли 2024 ба 28 нафар баробар буд. Агар дар соли 2024 дар донишгоҳ 208 нафар омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта фаъолият намуда бошанд, ин нишондод дар соли 2025 ба 239 нафар расидааст. Бояд гуфт, ки иқтидори илмии донишгоҳ дар соли 2024 ба 33,5% рост меомад. Ин нишондод дар соли 2025 ба 35,1% расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6% зиёд гардидааст.
Дар соли 2025 дар донишгоҳ 103 чорабинии илмӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва амалӣ баргузор карда шуд. Аз ин шумора 6 конференсияи байналмилалӣ, 12 конференсияи ҷумҳуриявию вилоятӣ, 6 конференсияи умумидонишгоҳӣ, 2 маҳфили илмӣ-адабӣ ва 77 мизи мудаввар гузаронида шудааст.
Дар чорабиниҳои баргузоршуда муҳимтарин масъалаҳо, аз қабили самтҳои афзалиятноки илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар асоси нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ баргузории конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1160-солагии донишманди бузург Закариёи Розӣ, бахшида ба 1045-солагии нобиғаи башарият Абуалӣ ибни Сино, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва бахшида ба дигар санаҳои таърихиву мавзуҳои мубрами рӯз ҷамъомадҳои илмӣ гузаронида шуданд. Дар донишгоҳ дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD низ мутахассис омода карда мешавад. Дар соли 2025 дар 45 кафедраи донишгоҳ 51 маҳфил ва 14 – ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1670 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд.
Ба ин маҳфилҳо номзадҳои илм, профессорон, саромӯзгорон ва омӯзгорони ботаҷриба роҳбарӣ мекунанд. Соли 2025 дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони донишгоҳ ба гирифтани 1 – ҷойи дуюм ва 1 – ҷойи сеюм сазовор гардиданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли донишгоҳ мебошад.
Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 2 – ҷойи дуюм ва 1 – ҷойи сеюм, ҳамзамон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3 – ҷойи 3-юмро ишғол намудаанд. Теъдоди китобҳои китобхонаи муассиса дар соли 2025 ба 270730 нусха расидааст. Аз ин теъдод 16200 нусхаи он дар китобхонаи минтақаи Дӯстии халқҳо ҷойгир буда, дар истифода қарор доранд. Дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли ҷорӣ 401 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, аз он ҷумла, 151 (37,6%) нафарашонро духтарон ташкил медиҳад, ки таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ин хонандагон 28 нафар омӯзгор дарс медиҳанд, аз ин миқдор 16 нафарашон занҳо мебошанд.
Пайваста, меҳнати содиқона, тӯлонӣ ва софдилонаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон донишгоҳ дар мувофиқа бо Иттифоқи касабаи донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ, донишгоҳӣ ва Иттифоқи касаба қадрдонӣ карда мешаванд.
Соли 2025 2 нафар кормандони донишгоҳ бо мукофоти давлатӣ, аз ҷумла 1 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва 1 нафар бо медали Хизмати шоиста; бо мукофотҳои соҳавӣ 43 нафар; аз ҷумла 19 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 24 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Имрӯзҳо ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо дастовардҳои назаррас арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ватани азизамонро истиқбол гирифта истодаанд, ки албатта ин нишони арҷгузорӣ ба ин боргоҳи илму маърифат мебошад. Рушду тавсеаи нуфузи донишгоҳ дар замони Истиқлоли давлатӣ бесобиқа натиҷабахш арзёбӣ шуда, он аз дастгириҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Маҳз бо дастгириву кӯмакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ дар ин давраи муҳимми давлатдорӣ ба дастовардҳои хеле зиёду мондагор ноил гардид. Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бандҳои Паёми Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷаҳду талош менамоянд, ки дар пешрафти илми ватанӣ ва рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузошта, 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо дастовардҳои арзандаи илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотӣ истиқбол гиранд.
