Факултети менеҷмент ва идораи саёҳӣ соли 2011 дар асоси фармони мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Факултет дорои 11 синфхона, 1 озмоишгоҳи компютерӣ, 2 смарт экран, 2 кафедра, 4 утоқи корӣ мебошад.
Айни замон дар факултет 626 – нафар донишҷӯён аз рӯи 10 ихтисос фаъолият намуда истодааст; менеҷмент дар соҳаи иҷтимоӣ, менеҷменти молиявӣ, иқтисод ва идораи сайёҳӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, менеҷменти инноватсионӣ, география, ихтисоси иловагии (демография), география- асосҳои иқтисодиёт, география- ҳифзи табиат, география, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Таҳсил дар факултет дар як зина бо тариқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Ба шакли низоми кредитии таҳсилот ҳамаи донишҷӯёни факултет фаро гирифта шуда аст. Аз ин миқдори умумии дар боло зикршудаи донишҷӯён 153 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 425 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Шумораи умумии магистрҳо 25 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 18 – нафарашон тариқи буҷавӣ ва 7 – нафарашон тариқӣ шартномавӣ таҳсил мекунанд.
Дар факултет ду кафедра- кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ, кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география фаъолият менамояд.
Ба кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ ихтисосҳои менеҷмент дар соҳаи иҷтимоӣ, менеҷменти молиявӣ иқтисод ва идораи сайёҳӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, менеҷменти инноватсионӣ вобастаанд.
Ба кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география ихтисосҳои география, ихтисоси иловагии (демография), география, асосҳои иқтисодиёт, география, ҳифзи табиат, география вобастаанд.
