Факултети химия ва биологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо назардошти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020 таҳти №526 «Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию дақиқ барои солҳои 2020-2040» то имрӯз корҳои мушаххасеро ба сомон расонида истодаанд.
Ҳайати омӯзгорони факултет ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар медиҳанд, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намуда, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода мекунанд.
Заминаҳои моддиву техникии факултетро таҳким бахшида самарабахшии фаъолияти таълимро таъмин менамоянд. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Низоми муосири таълим, ки хоси даврони истиқлолият мебошад, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд.
Ҳоло дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст. Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.
Дар кафедраҳои факултет 61 нафар омӯзгорони доимӣ ва ҳамкори дохилӣ кору фаъолият доранд, ки аз инҳо 4 доктори илм профессор, 24 номзади илм, 2 саромӯзгор ва 29 нафари боқимонда омӯзгорон мебошанд. Яъне 45,9%-и омӯзгорон дараҷаи илмӣ доранд.
Дар факултет 11 кабинети корӣ, 16 аудиторияи дарсӣ, 1 маркази компютерӣ 9 озмоишгоҳ (озмоишгоҳи илмӣтаҳқиқотӣ, химияи умумӣ, химияи физикӣ ва техникӣ, химияи таҳлилӣ, химияи органикӣ, биохимияи тиббӣ, биологияи умумӣ, физиология ва микробиология, озмоишгоҳи растаниҳои ситрусӣ) мавҷуд буда, 5 га замини таҷрибавии Зағертут барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотии шогирдон пешбинӣ шудааст. 15 аудитория дар факултет бо проектор ва доскаҳои электронӣ таҷҳизонида шудааст, ки аз онҳо омӯзгорон фаъолона истифода мебаранд.
Айни ҳол дар факултет 1545 нафар донишҷуён аз рӯйи 11 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:
1. 1-310501-01 Химия (фаъолияти илмию истеҳсолӣ)
2. 1-310501-02 Химия (фаъолияти илмию педагогӣ)
3. 1-020406 Химия. Биология
4. 1-480101 Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот
5. 1-020401 Биология
6. 1-330101 Биология, ихтисоси иловагӣ экология
7. 1-020404-01 Биология. Химия
8. 1-310101-0221 Биохимияи тиббӣ
9. 1-330101-05 Экология. Химия
10. 1-020404 Биология, ихтисоси иловагии ҳифзи наботот
11. 1-020404-07 Биология. Дендрология.
Мо довталабон – дӯстдорони илмҳои химия ва биологияро барои таҳсил ба факултети химия-биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав даъват менамоем.
