Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз раванди корҳои сохтмонии синфхонаҳои таълимию таҷрибавӣ дар Мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертут”- и назди донишгоҳ дидан намуда, барои бо сифати баланд ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ дастурҳои муфид дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони мазкур аз ҷониби ҶДММ “Хатлон лоиҳасоз” роҳандозӣ гардида, барои таълими фанни ботаника ва экология барои донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ пешбинӣ мешавад.

