– зери ин унвон имрӯз дар толори Китобхонаи донишгоҳ ба ифтихори таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Идибек Шарифзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Эмомалӣ Набизода, мудири шуъбаи тарбия, Билол Зулфиқорзода, муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Умед Халилов, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, хариду фурӯши одамон, пешгирии нашъамандӣ, экстремизм ва терроризм ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон андешаронӣ намуданд.

