Имрӯз ҷаласаи назоратии назди Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳи оид ба масъалаи раванди таълиму тарбия андешаронӣ намуд.
Дар идомаи машварат масъалаи сари вақт ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, шартномаи таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

