Имрӯз дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбия ва кормандони шуъбаи тарбия дар ҷаласаи онлайнӣ иштирок намуданд.
Ин ҷаласа бо ибтикори Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҳандозӣ гардида буд.

