Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии СММ-Занон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Саҳми занон дар рушди илм”-ро баргузор намуд.
Мавриди тазаккур аст, ки конференсияи мазкур соли сенздаҳум аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва муддати ду сол мешавад, ки бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ин чорабинӣ ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуда, ҳамчун Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ арзёбӣ гардид.
Дар Конференсияи мазкур омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуданд.

