Имрӯз, дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сӯҳбат-вохӯрии Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Набизода Эмомалӣ, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, Мурод Холмуродзода, декани факултети техникӣ ва технологӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни факултет доир шуд.
Дар чорабинии мазкур доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ, сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ андешаронӣ намуданд.

