Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлат эълон гардид. Давра ба давра дар соҳаи мактабу маориф ислоҳот ворид шуда, дар ин самт дастовардҳо назаррасу шоён гардиданд.
Яке аз дастовардҳои соҳаи маориф ҷалби занону бонувон ба муассисаҳои таълимӣ ва зиёд кардани сафи омӯзгорону мураббиён аз ҳисоби онҳо мебошад. Албатта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон дар ташаккул ва рушди ҳама соҳаҳо назаррас аст. Ҷойгоҳ ва нақши меҳварии занон дар кишвар маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз намудаанд, ки: «Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сафо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, Модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд».
Аз заминаҳои асосӣ дар самти ҷалби занон дар баробари корҳои анҷомшуда таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми хирадмандонаи Роҳбари давлат ба боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд. Ҳоло дар кишвари мо имкон фароҳам омадааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.
Рӯз аз рӯз нақш ва масъулияти маориф барои рушди глобалии иҷтимоию иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми ҷамъиятӣ ва муваффақияти миллии давлат афзун мегардад. Дар ин раванд, занону бонувони мо бо масъулияти том баҳри равнақ ва рушди бештару беҳтари маориф ҳамаҷониба ҷаҳду талош доранд.
Занони кишвар бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар тамоми зинаҳои таҳсил барои босавод шудани насли наврас ва омода намудани мутахассисон кӯшиши ҳамарӯза доранд. Онҳо амиқ дарк намудаанд, ки ояндаи неку дурахшони кишвар аз низоми мукаммалу пешрафтаи маориф вобаста мебошад.
Санавбар Каримова,
раиси бонувони донишгоҳ
