Имрӯз дар кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони “Нақши воситаҳои ахбори омма дар бозтоби раванди корҳои созандагӣ ва таҳкими худшиносӣ миллӣ”, бо иштироки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ оғоз гардид.
Дар ҷамъомад Исмоилзода Зинатуллоҳ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баромад намуда ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният намуд. Дар идомаи суханрони оид ба нақши матбуоти тоҷик дар фазои иттилоотии кишвар андешаронӣ намуд.
Сипас, Шарипов Сангимурод, мудири кафедраи рӯзноманигории дар мавзуи “Матбуот – омили ташаккули маърифат ва таҳкими худшиносии миллӣ” ва Маҳкамзода Дилором, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Бозтоби воқеияти замон дар оинаи ВАО” маърӯза намуданд.
Дар идомаи мизи мудаввар аз ҷониби донишҷӯён бахши фарҳангӣ сурат гирифт.
Дар охир, ба як гурӯҳ омӯзгорони донишгшоҳ ҷиҳати ҳамкорӣ бо нашрияҳои даврӣ бо шаҳодатномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

