Сухани табрикотии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангиву эҷодӣ таҷлил карда мешавад, ки ин аз эҳтирому қадршиносии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ҳамин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар баробари дигар бахшу соҳаҳо журналистикаи тоҷик низ ба таври бесобиқа рушду густариш ёфта, дар ин ҷода даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, радиову телевизион ва агентиҳои иттилоотии нав ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз дар баробари пуррасозии фазои иттилоотии кишвар, дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз вохӯриҳояшон бо кормандони соҳа иброз дошта буданд, ки: “Дар замони муосир матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, муҳим ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор меравад. Бурду бохт дар бисёр ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма марбут мебошад. Воситаҳои ахбори омма ба фаъолияти ҳамарӯзаи худ бо роҳи таҳлилу масъалагузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонанд”.
Бояд қайд намуд, ки саҳми кормандони воситаҳои ахбори омма, ба хусус матбуот дар ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ва дарки воқеаву падидаҳои замон бисёр назаррас мебошад. Имрӯз сокинони кишвар ба воситаҳои ахбори омма, ба хусус маводи матбуот таваҷҷуҳ доранд, навиштаҳои журналистонро бо завқу салиқаи беш мутолиа менамоянд.
Омода намудани мутахассисони соҳа аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи махсус қарор дошт. Маҳз бо ин мақсад, таъсиси ихтисоси рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади таъмини воситаҳои ахбори оммаи кишвар, ба хусус ВАО-и маҳаллӣ бо мутахассисони варзидаи соҳа иртибот дорад. Соли 2005 дар баробари ихтисоси рӯзноманигорӣ (аз рӯи самтҳо), ихтисоси журналист-тарҷумон низ таъсис дода шуд. Хатмкардагони ин ихтисос ба ғайр аз фаъолияти журналистӣ ба омӯзондани забони англисӣ низ машғуланд.
Ҳоло дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хатмкардагони ихтисоси рӯзноманигорӣ, аз ҷумла Қурбоналӣ Қурбонов, Наргис Бозорова, Таваралӣ Соҳибназаров, Фарҳод Маҳмудов, Абдурозиқ Маҳмадшоев, Мӯсо Неъмонов, Сайдалӣ Дӯсматов, Худойдод Раҷабов, Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, Далер Шарипов, Марҳабо Рамазонзода, Лашкар Шарипов, Кароматулло Раҳматов, Амонҷон Маҳкамов, Искандар Давлатов, Низомиддин Исоев ва дигарон рисолати журналистии худро бошарафона иҷро намуда истодаанд.
Соли 2025 бо дастгирии Раёсати донишгоҳ барои донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ Студияи таълимӣ-таҷрибавии муосир муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти наву замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар сайқал додани маҳорати донишҷӯён мусоидат намуд.
Ҳоло дар ихтисоси рӯзноманигорӣ аз рӯйи самтҳо ва дар ихтисоси журналист-тарҷумон беш аз 200 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Зикр намудан ба маврид аст, ки донишҷӯёни ихтисосҳои мазкур намунаҳои эҷодии худро дар шабакаҳои телевизионию радиоии вилоятӣ, нашрияҳои даврӣ, бахусус рӯзномаҳои “Хатлон”, “Новый Хатлон”, “Ҳамрози халқ”, “Набзи Бохтар”, “Кӯшониён”, “Нури Левакант”, “Вахш”, “Паёми Дӯстӣ”, “Навиди Балх”, маҷаллаҳои “Сафо”, “Меҳровар”, “Мактаб”, “Меҳтарони Хатлон”, нашрияи донишгоҳии “Фурӯғ” ва ғайра ба нашр мерасонанд.
Дар охир бори дигар тамоми кормандони воситаҳои ахбори омма, ва алоқамандони матбуотро ба Рӯзи матбуоти тоҷик самимона шодбош гуфта, рӯзгори осуда, иқболу шараф ва дар кору фаъолият пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!
