Дар замони муосир соҳаи рӯзноманигорӣ ва ВАО дар кившари мо рушди бесобиқа пайдо кардааст. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои махсуси рӯзноманигорӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо бо барномаҳои муосири таълимӣ, омӯзгорони ботаҷриба ва таҷҳизотҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ин кафедраҳо ҳар сол даҳҳо донишҷӯёнро дар соҳаҳои гуногуни ВАО омода месозанд.
Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав солҳост, ки кафедраи рӯзноманигорӣ амал менамояд ва дар он омӯзгорони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён маҳорати баланди рӯзноманигориро меомӯзонанд. Мо ки дар арафаи таҷлили Рӯзи матбуот қарор дорем бо мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Сангимурод Шарипов мусоҳибае оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи рӯзнома мегардонем.
-Устоди азиз! мехостем бифаҳмаем, ки Рӯзи матбуот барои аҳли қалам чӣ аҳамият дорад?
-Воқеан, Рӯзи матбуот, ки ҳамасола дар фазои сулҳу суботи Ватан таҷлил мегардад, пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони ВАО, аҳли эҷод ва дӯстдорони сухан аст. Қайд намудан зарур аст, ки бо касби истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам омад дар кишвари соҳибистиқлоламон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии нав ба вуҷуд оянд ва дар онҳо мутахассисони соҳаи ВАО омода карда шаванд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамасола бо мақсади эҳтиром ва арҷ гузоштан ба аҳли эҷод Рӯзи матбуоти тоҷик бо тантана таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик имкон фароҳам меорад, ки аҳли эҷод, аҳли сухан бо ҳам биоем ва кӯшиш намоем, то мақоми суханро дар ҷомеа тавассути фаъолияти самарабахши худ боз ҳам баланд бардорем. Умуман, аҳамияти Рӯзи матбуоти тоҷик бори дигар моро ба таърихи матбуот, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли қаламу сухан роҳнамоӣ мекунад ва дар ин ҷода метавонад таъсири амиқ гузорад.
-Дар солҳои охир таҳсил дар ихтисоси рӯзноманигорӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва дар кафедраи шумо чи тағйиротҳо ба вуҷуд омадаанд?
-Хушбахтона, дар солҳои охир бо мақсади ба талаботи муосир омода намудани мутахассисони ВАО дар донишгоҳ аз рўйи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо), журналист – тарҷумон як зумра иқдомҳои назаррас амалӣ гардид, ки ин ба баланд шудани сатҳу сифати омодашавии мутахассисон мусоидат мекунад. Дар кафедраи рӯзноманигорӣ омӯзгорони ботаҷриба ҷалб шудаанд.
Ҳамзамон, дар назди кафедраи рӯзноманигорӣ бо ташаббус ва иқдомҳои собиқ ректорони донишгоҳ Шодиён Муҳаммад Султонзода, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат студияи таълимӣ – таҷрибавӣ барои ихтисосҳои рӯзноманигорӣ кушода шуд, ки бо воситаҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд ва имрӯз устодону донишҷӯён дар ҷараёни баргузории машғулиятҳои таълимӣ самаранок аз онҳо истифода менамоянд.
-Имрӯз саҳми хатмкунандагони ихтисоси рӯзноманигорӣ дар рушди матбуоти вилоят чӣ гуна аст?
-Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хатмкунандагони ихтисоси рӯзноманигорӣ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгў ҳастанд ва онҳо имрӯз дар расонаҳои хабарии натанҳо, шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ, балки дар ВАО-и ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолияти самарабахши эҷодӣ доранд. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки хатмкунандагони ин ихтисос саъю талош меварзанд, ки дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдату суботи сартосарӣ саҳми шоиста гузоранд ва бовар ҳам дорем, ки онҳо рисолати касбии худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, барои халқу ватани азизамон хизмат мекунанд.
-Барои баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ кадом роҳу усулҳои навро дар кафедра пешниҳод менамоед?
-Албатта бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисон, пеш аз ҳама зарур аст, ки омӯзгорон машғулиятҳои таълимиро бо роҳу усулҳои муосир ташкилу баргузор намоянд ва дар ҷараёни машғулиятҳо аз воситаҳои техникӣ, намунаи маводи амалӣ бештар истифода баранд ва кӯшиш кунанд, ки тавассути баргузор намудани чунин машғулиятҳо сатҳи маҳорату малакаи касбии эҷодии донишҷӯёнро баланд бардоранд.
Ман пайваста ба ҳайати омӯзгорон дар ҷараёни гузаронидани ҷаласаҳои кафедра таъкид мекунам, ки онҳо бояд ҳамқадами замон бошанд ва аз воситаҳои муосири техникӣ истифода бурда тавонанд.
-Аз таҷрибаи шумо кадом маслиҳатҳо барои донишҷӯён муҳим аст, то дониши худро беҳтар ва шавқи касбии худро мустаҳкам гардонанд?
-Фикр мекунам ягона васила ва омиле, ки метавонад ҳар як эҷодкорро дар ин ҷода муваффақ гардонад, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишҷӯ, ё рӯзноманигори оянда бо ВАО аст. Агар донишҷӯ аз соли аввали таҳсил ҳамкориро бо идораи ВАО шуруъ кунад, бовар дорам, ки дар як муддати кутоҳ то замони хатми донишгоҳ журналисти касбӣ мегардад. Аз ин рӯ, пайваста ба донишҷӯён таъкид мекунам ва онҳоро барои ҳамкорӣ бо идораи ВАО –и шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ роҳнамоӣ мекунам, то тавонанд, дар давраи донишҷӯї матлабҳои эҷодии худро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радиову телевизион инъикос кунанд ва тавассути он завқу шавқашон боло раванд. Вақте, ки намунаи эҷоди донишҷӯён дар саҳифаҳои матбуот рӯи нашр меоянд, онҳо боз ҳам ҳавасманд мешаванд ва бо завқу малакаи зиёд кӯшиш мекунанд, ки тавассути он малакаи касбӣ ҳосил намуда, оянда ҳамчун мутахассис дар пешбурди фаъолияти корӣ ва рушди ҷомеа саҳм гузоранд.
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ!
Мусоҳиб: Х. Саъдуллоев
