Зери ин унвон имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Парвиз Ятимов, декани факултет оғоз шуд. Сипас, мудири кафедраи биологияи умумӣ Т. Назаров дар мавзуи “Фалсафаи эҳёи табиат” , омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ Ф. Разокова дар мавзуи “Таърихи пайдоиши Наврӯз” ва Д.Пирзода дар мавзуи “Рамзҳои Наврӯз” маърӯза намудаанд.

