Март 14, 2026 15:30
ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки 13 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва се муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хабар доданд, донишгоҳи онҳо бо Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим», Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз имзои созишномаҳо густариши ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мебошад.
Таъкид шуд, ки чунин иқдом барои таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон заминаи мусоид фароҳам меорад. Инчунин ба рушди минбаъдаи равобити дуҷониба дар соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Носири Хусрав
