Дар мавзеъи таълимию таҷрибавии “Зағертут” бо мақсади тозаю озода намудани дарахтони сояафкан, корҳои тозакунӣ ва омодагӣ ба мавсими баҳор аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо маром идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертут”-и шаҳри Левакант, ки ба донишгоҳ тааллуқ дорад, дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

