Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология 15 майи соли 2026 конференсияи байналмилалии илмию амалиро дар мавзуи «Мирзо Турсунзода ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор мегардад.
МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ КОНФЕРЕНСИЯ:
-
Мирзо Турсунзода ва худшиносии миллӣ;
-
Саҳми Мирзо Турсунзода дар рушди равобити адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ;
-
Масъалаҳои байналмилалӣ ва башардӯстонаи осори Мирзо Турсунзода;
-
Мирзо Турсунзода ва фарҳанги миллӣ;
-
Афкори адабӣ-танқидии Мирзо Турсунзода;
-
Масъалаҳои поэтика ва этнопоэтика дар ашъори Мирзо Турсунзода;
-
Мактаби адабии Мирзо Турсунзода ва шуҳрати ҷаҳонии ӯ.
-
Забон ва сабки баёни Мирзо Турсунзода;
-
Вижагиҳои публисистикаи Мирзо Турсунзода.
-
Маҳорати драматургии Мирзо Турсунзода.
-
Мирзо Турсунзода ва адабиёти кӯдак.
ИШОРОТ:
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
Риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ – чакида (аннотатсия), калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф (ба се забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ҳатмист;
Мақола бояд ҷое нашр ва ироа нашуда бошад;
Ҳаҷми мақола бояд аз 10-12 сафҳа (формати А-4) зиёд набошад;
Мақола бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад;
Гузиниш ва таъйиди мақолаҳо бар уҳдаи масъулони илмии конференсия аст;
Ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки дар шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд;
Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: nqaror@mail.ru, ilhom-b.89@mail.ru;
Охирин муҳлати қабули мавод 20-уми апрели соли 2026;
Телефон барои тамос: 93-508-51-29. 555-05-15-50.
