Як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Форуми байнидонишгоҳии донишҷӯён таҳти унвони “The World of Education in Focus: Cross-cultural Features”, ки дар Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи педагогии давлатии шаҳри Москва баргузор гардид иштирок намуданд.
Аз ҷумла Абдукарим Турсунов, Аслам Гумаев дар мавзуи “Educational Exchange Opportunities: a BSU Student’s Experience Studying for a Bachelor’s Degree in South Korea”, Шукрулло Малахов дар мавзуи “Cross-Cultural Opportunities for Tajik Students through FLEX”, Лолаева Севинч дар мавзуи “Tajik Teacher’s Master Degree in India: Tips and Tricks” ва Муродова Зебонисо, координатор Маркази захиравии англисӣ дар мавзуи “My Fulbright FLTA Journey: Discovering U.S. Culture and Education in the U.S.” маърӯза намуданд.
Дар маърӯзаҳои худ донишҷӯён дар бораи хусусиятҳои ҷолиби низоми таълимии Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин дар бораи имкониятҳои барномаҳои байналмилалии таълимӣ барои донишҷӯён маълумот доданд.

