Бо дастгирии Маркази захиравии маҷозии забони англисӣ (Virtual English Resource Center), дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ ба тариқи онлайн гузаронида мешаванд.
Ҳар моҳ 4 маротиба VPT (Virtual Professional Training) бо иштироки мутахассисони варзидаи хориҷӣ баргузор мегардад, аз ҷумла Joon Nam, Cadi Duncan, David Brinkley, Assia Barysheva.
Мақсад аз баргузории ин дарсҳои онлайнӣ беҳтар намудани сифати таълими забони англисӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавии омӯзгорон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо мебошад.

