Мусалам аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити солим ҳамчун заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Вобаста ба ин дар соҳаи муносибатҳои ҷамъият ва табиат ҳамаи мушкилоти мавҷуда ба соҳаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Яке аз он мушкилоти экологӣ, ин тамоюлҳои муосири мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза дар сайёра ба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигари муҳимми ҷаҳони муосир, ҳифзи захираҳои об, одилонаю оқилона истифодабарии захираҳои обӣ ва бо оби тоза таъмин намудани аҳолии сайёра низ мебошад.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дар бартараф намудани мушкилоти экологӣ танҳо як кишвари алоҳида новобаста аз имкониятҳои доштааш, ноил шуданаш ба бартарафсозии равандҳои манфии табиат ғайриимкон аст. Дар ҳамин ҳол, барои пешгирӣ аз ин мушкилоти экологии аср зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон корҳои ташаббускор анҷом дода шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ҳамчун узви фаъоли Ассотсиатсияи байналмилалии экологӣ буда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи экологӣ бетараф набуда, дар аудити дохилӣ ва берунии худ тадбирҳои гуногуни таъсири экологиро ба инсон – табиат муқаррар ва амалӣ менамояд. Аз ҷумла, масоили тағйирёбии иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари сиёсати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо дар хушкӣ мушоҳида мегардад, ки он метавонад оқибатҳои номатлуберо чун, тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташаккул меёбад.
Бо дарназардошти ин бо ибтикор ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ қабул ва мавриди дастгирӣ қарор ёфт.
Бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии он ба ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар олимону муҳаққиқони мамлакат ва ҷаҳонро вазифадор менамояд, ки дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо ва захираи бузурги оби ошомиданӣ тадқиқоти муштараки илмӣ ва мониторингҳои доимиро ба роҳ монанд.
Ҷанбаи дигари муҳимми тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, таъсир ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи ивазнашавандаи дорои аҳаммияти бузург барои рушди устувор, таъмини ҳаёт дар сайёра, нигоҳдорандаи саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии сайёра мебошад.
Бинобар тағйирёбии иқлим, мушоҳидаҳои бесобиқаи болоравии ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва муайян намудани оқибатҳо барои ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки тадқиқоти муҳим аз ҷониби муҳаққиқон анҷом дода шавад. Ҷанбаи дигари муҳимми тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон, ки он ҳам бошад дар шакли пиряхҳост мебошад.
Айни замон дар шароити тағйирёбии иқлим дар сайёра, махсусан дар ноҳияҳои хушкӣ ва баландкӯҳии сайёра масъалаи бо об таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобастаанд, хеле тезутунд аст. Раванди дигари ташвишовараш дар он аст, ки захираи оби тоза кам шуда, солҳои охир сифати он низ бад мешавад.
Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир таваҷҷуҳи хосса дорад.
Вобаста ба масъалаҳои экологӣ, махсусан рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрока зарурати беҳтар намудани вазъӣ ҳозираи пиряхҳо ва нигоҳ доштану муҳофизат кардани онҳо аз аҳаммият холӣ буда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои назаррас анҷом додааст. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид даҳ қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо анҷуманҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳимми обро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор намудааст. Ҳамзамон бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2016, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби СММ қабул гардид. Асоси ин талошҳо суръат бахшидан ба амалҳои соҳаи об барои ноил шудан ба ҳадафҳои устувор мебошад. Бояд иброз намуд, ки ҳадафи Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои экологӣ барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, характери олӣ доранд ва тамоми чорабиниҳо бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дурнамои миёнамуҳлат ва пешбинишудаи ин бахшро фаро мегиранд.
Табиист, ки тамоюли дигари кам гардидани масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар баробари таъсири манфии баландшавии ҳарорати иқлим ба мушкилоти баҳри Арал низ алоқаманд аст. [4] Чуноне ки маълум аст, аз сатҳи хушкшудаи баҳри Арал ҳар сол зиёда аз 1 млн. тонна намак ба ҳавои атмосфера дохил мешавад. Ин яке аз нишонаҳои мушкилоти минтақавии баҳри Арал мебошад, ки таъсири он ба пиряхҳои Зарафшону Помир мушоҳида мегардад. Ин аломатҳо хусусияти ба бӯҳрони захираҳои обӣ дучор шудани манотиқи Осиёи Марказиро инъикос менамоянд.
Пиряхҳо сарвати бебаҳои табиат мебошанд. Дар шароити иқлими хушке, ки дар қисми ҳамвори Осиёи Миёна ва Тоҷикистон ҳукмфармо аст, пиряхҳо ва барфҳои баландкӯҳ ягона манбаи об мебошанд, ки аз онҳо дарёҳои хурду калон ибтидо мегиранд ва замини водиҳои хурду калонро обшор мегардонанд. Муҳиммияти дигари пиряхҳо аз он иборат аст, ки онҳо дар ҳамон маврид бештар об мешаванд, ки заминҳои обёришаванда ба об эҳтиёҷ дошта, миқдори зиёди обашонро хусусан, дар солҳои камоб, ки дар ин вақт бо барфи мавсими пушидашавӣ тез аз байн меравад, медиҳанд. Инчунин дар шароити ниҳоят зарур пиряхҳо метавонанд захираи оби дар ҷараёни якчанд сол ғункардаашонро сарф намоянд.
Мутаассифона, масъалаҳои ҳалталаби муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ суст кардааст. Ин вазъият таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро таъсири он ба захираҳои об, махсусан ба пиряхҳо хеле равшан ва ташвишовар аст.
Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи нахустини сарони давлатҳо оид ба иқлим ва об Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар муқоиса бо афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад.
Вобаста ба ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (Душанбе, дар реҷаи виртуалӣ) 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири тағйирёбии иқлим тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхро аз даст дода, ҳамасола аз обхезӣ, хушксолӣ ва тармафароӣ, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад.
Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳаввулоти босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки бештари кишварҳои ҷаҳон ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба дар қатори масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таъсири гармшавии иқлими сайёраи замин ба потенсиали захираҳои обӣ-энергетикии кишварҳо ниёз доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гарданд.
Дар шароити имрӯзаи мураккаб, таҳкими тавсеаи ҳамкориҳо ҷиҳати расидан ба чор ҳадафҳои Стратегиии рушди устувор аз иқдомҳои муштарак дар роҳи таъмини сулҳу суботи пойдор вобастагии зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, мо халқи бунёдкору созанда ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштаракаро бо мақсади пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёрӣ барои таъмини амнияти фарогир, аз он ҷумла, ҳалли масъалаҳои обу иқлим, таъмини ҳифзи пиряхҳо, гирифтани пеши таъсири гармшавии иқлими сайёраи замин ба потенсиали захираҳои обӣ-энергетикии кишварҳо муҳим мешуморем.
Боварӣ ва итминони комил дорем, ки бо эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар оянда, як платформае ба вуҷуд меояд, ки олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи ҷаҳониро муваззаф месозад, ки ба масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҷидди машғул гардида, онро дар амал татбиқ намоянд.
Хулоса, дар вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, нобудшавии гуногуни биологӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, расидан ба “Ҳадафҳои рушди устувор”, талоботи замони имрӯз мебошанд.
Барои ҳалли масъалаи таъсири гармшавии иқлими сайёраи замин ба потенсиали захираҳои обӣ-энергетикии кишвар таҳкими минбаъдаи иқтидори техникии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони он ва омода кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ, гидрология, ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ ва ғайраҳо аҳаммияти ҳалкунанда дошта, самти муҳимми судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар
