Имрӯз, 21-уми март, дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, чорабиниҳои бошукӯҳи бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз ёфт.
Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳамроҳии меҳмонони расмӣ иштирок намуда, аз намоиши идонае, ки дар майдони 70-солагии Водии Вахш пешкаши ҳозирин гардонида шуд, боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ хони наврӯзии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ороста шуда аз он ҳайати меҳмонон дидан карданд.

