Дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-103- и назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ҳимояи рисолаи номзадии Рауфзода Сайвалӣ Гурез дар мавзуи «Методикаи баланд бардоштани салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи технология (таълими меҳнат) дар раванди таҷрибаомузии омӯзгорӣ», зери роҳбарии Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3. – Педагогика (5.3.10.11. – Назария ва технологияи таълими меҳнат ва дизайн) пешбинӣ мешавад.
