Имрӯз, 30 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир шуда, дар он муовини якуми раиси вилоят, муовинон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилони мардумӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Иҷлосия пас аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид кори онро ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ҷараёни иҷлосия як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкиливу ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 апрели соли 2022, №114, ки ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №91 «Дар бораи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022–2026» вобаста мебошад, баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки татбиқи ин барнома дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ идома дошта, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ замина мегузорад.
Ҳамзамон, ҳисоботи мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» шунида шуд. Дар ин замина таъкид гардид, ки нигоҳдории дурусту саривақтии ҳуҷҷатҳо ва ба бойгониҳои давлатӣ супоридани онҳо аз масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилӣ ва назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ баррасӣ гардида, фаъолияти вакилон дар самти риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар идома масъалаҳои марбут ба пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати як қатор вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №43 ва Ҷайҳун №45 ва таъин намудани интихобот дар ин ҳавзаҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Инчунин, масъалаи таъсиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба баргузории интихоботи вакилони нав ба ивази вакилони хориҷшуда баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Дар анҷоми иҷлосия раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо усули «хона ба хона» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки ин тадбир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, даъвати ҳарбӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тарғиби либоси миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуданд.
Дар фарҷом, ба масъулони соҳаҳо ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

