Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами филология, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ ба амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бахшида шуда, бо иштироки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таълимии дохиливу хориҷӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ доир гардид.
Конференсияро Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, дар мавзуи «Мутахассиси забондон – тақозои замон» суханронӣ кард. Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки дар шароити рушди босуръати ҷомеа ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ, ба яке аз талаботи асосии замон табдил ёфтааст.
Дар идомаи конференсия Саидзода Ҳалим, профессори кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати тайёр намудани кадрҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Таълими забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) тибқи барномаи давлатӣ ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Номбурда вобаста ба тадбирҳои давлатӣ ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва омода намудани омӯзгорони соҳибтахассус андешаронӣ кард.
Сипас, Сабирова Сановбар, мудири кафедраи забоншиносии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: меҳвари фазои бисёрфарҳангии таълимӣ» суханронӣ намуда, нақши забони русиро ҳамчун воситаи муоширати байналмилалӣ ва робитаи фарҳангиву илмӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Бо тариқи маҷозӣ Н. Широкова, директори Институти лингвистии Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Россия дар мавзуи «Принсипҳои лингводидактикии ташаккули салоҳияти коммуникативии чандзабона» баромад карда, масъалаҳои ташаккули малакаҳои муоширати бисёрзабонаро шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамчунин, А. Баряшева, омӯзгори забони англисӣ дар мавзуи «Истифода ва ҳамгироии технологияҳои омӯзишӣ дар раванди таълим» маърӯза намуда, роҳҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар омӯзиши забонҳо муҳим шуморид. М. Кубеева, намояндаи Донишгоҳи Шимкенти Қазоқистон низ бо тариқи маҷозӣ дар мавзуи «Сохтори ангезаи омӯзиши хонандагони синфҳои ибтидоӣ» суханронӣ намуда, масъалаҳои ҳавасмандгардонии хонандагонро дар ҷараёни таълим баррасӣ кард.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш иштирокчиён таъкид намуданд, ки баргузории чунин конференсияҳои байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, такмили усулҳои таълим ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Конференсия дар фазои илмӣ ва мубоҳисавии созанда ба анҷом расид.

