Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи назоратии назди Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳи оид ба масъалаи раванди таълиму тарбия, шартномаи таҳсил ва иҷрои маҷлиси назоратӣ андешаронӣ намуд.
Дар ҷаласа Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Бобоҷон Кибориён, муовини ректор оид ба иқтисод ва Икром Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ вобаста ба дастуру супоришҳо андешаронӣ намуданд.
Дар охир, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

